Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 230 эътирозгар дар Маскаву Петербург


Мақомоти Русия дирӯз дар ҷараёни раҳпаймоиҳои бидуни иҷозат дар Маскаву Петербург ҳудуди 230 тан аз фаъолони мухолифинро боздошт карданд. Фаъолони рус тасмим гирифтаанд, дар охирин рӯзи ҳар моҳе, ки 31 рӯз дорад, яъне дар 31-уми январ, март, май, июл, август ва октябр, бо талаби мурооти тақозои банди 31-уми Қонуни Асосии Русия, ки ҳаққи озодии гирдиҳамоиҳоро замонат медиҳад, ташкили чунин намоишҳои эътирозӣ кунанд. Дар миёни 170 нафаре, ки дар Маскав боздошт шуданд, сиёсатмадори маъруф Иля Яшин ва Евгения Албатс, сардабири маҷаллаи “Новое время” низ будаанд. Дар ҷараёни раҳпаймоӣ дар Петербург, ки бо ширкати Борис Немтсов ва Максим Резник, аз раҳбарони мухолифини рус барпо шуд, ҳудуди 60 нафар дастгир шуданд.
Як раҳпаймоии хурд ба нишони ҳамраъҳӣ бо раҳпаймоиҳои Русия дар назди сафорати Русия дар Киев низ доир шуд.
XS
SM
MD
LG