Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Ожонс аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон


Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дар гузориши наваш гуфт, ки Эрон дар роҳи ғанисозии ураниум дар сутуҳи баландтар пештар рафта ва таҷҳизоти зиёдтаре насб кардааст. Ин ниҳоди вобастаи СММ мегӯяд, ки Эрон дастикам 5,7 кило ураниуми дар сатҳи баланд ғанишуда тавлид кардааст, ки ба нигарониҳо дар бораи табиати аслии барномаҳои ҳастаияш меафзояд. Аммо Теҳрон ин барномаҳояшро мусолиматомез ва тавлиди барқи ҳастаиро танҳо ҳадафи худ ном мебарад.
Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико Майк Ҳаммер гуфт, гузориши Ожонс босароҳат нишон медиҳад, ки Эрон ба иҷтиноб аз мурооти ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва ба ҳамкории нокофӣ бо Ожонси ҳастаӣ идома медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG