Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар чандин шаҳри Русия


Дирӯз, 31 май фаъолони ҳуқуқи башар дар чандин шаҳри Русия бо талаби мурооти ҳаққи мардум ба гирдиҳамоиҳо ташкили раҳпаймоиҳои эътирозӣ карданд. Фаъолони рус тасмим гирифтаанд, дар охирин рӯзи ҳар моҳе, ки 31 рӯз дорад, яъне дар 31-уми январ, март, май, июл, август ва октябр, бо талаби мурооти тақозои банди 31-уми Қонуни Асосии Русия, ки ҳаққи озодии гирдиҳамоиҳоро замонат медиҳад, ташкили чунин намоишҳои эътирозӣ кунанд. Дирӯз раҳпаймоҳои эътирозӣ дар шаҳрҳои Маскав, Петербург, Саратов ва боз дар чандин минтақаи дигари Русия барпо шуд.
XS
SM
MD
LG