Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таваҷҷӯҳи Чин ба тарҳи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон


Ширкати чиноии “Чайна Роуд” зоҳиран таъмини молии тарҳи эҳдоси роҳи оҳани 46-километрии Ваҳдат-Ёвонро бар дӯш хоҳад гирифт. Муовини вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон Ҷумъахон Зуҳуров ба “Авасто” гуфтааст, ки бо ин ширкат алакай чанд даври музокирот сурат гирифта, ҷонибҳо акнун ҳазинаи ин барномаро 180 миллион доллар таъйин кардаанд, ки назар ба пешниҳоди қаблии “Чайна Роуд” хеле пойинтар будааст. Асноди марбут ба тарҳи мазкур, ба гуфтаи оқои Зуҳуров, феълан дар дасти баррасии ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон маркази Тоҷикистонро бо вилояти Хатлон бидуни убури Узбакистон хоҳад пайваст.
XS
SM
MD
LG