Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо низ, эй ҳамватан, фардои миллатем!"


Бунёди кӯдакони мавсум ба "Некӣ" дар Рӯзи ҳимоя аз ҳуқуқи кӯдакjy, ки 1-уми июн, намоиш ва фурӯши маҳсули эҷодкардаи атфоли маъюбро баргузор намуд.

Дар ин намоиш ороишоти занона аз қабили гарданбанду даспона, ҷӯробҳои пашмӣ, гулҳои хонагӣ ва аксу мусаввараҳое, ки маҳсули ҳунари кӯдакону наврасони маълул ҳастанд, пешниҳод мегардад.

Раҳбари ин созмон Маҳмадсиддиқ Раҳмонов мегӯяд, ин чорабиниҳо бо ҳадафи дилгарм намудани наврасони дорои имконияташон маҳдуд ба зиндагӣ ва ба онҳо омӯзонидани роҳҳои ба даст овардани маблағ ташкил мешавад.

Тайи ду сол аст, ки пайваста дар ҳавлии бунёдӣ «Некӣ» чунин намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунари атфоли маълул баргузор мешавад ва аллакай ҳар яке аз ин кӯдакони ҳунарманд, муштариёни хешро пайдо кардаанд.

Наврасони маълул дар намоишгоҳ бевосита ширкат намуда, ба харидорон оид ба тарзи таҳияи маҳсулоти пешниҳод намуда ё зиндагии худ нақл мекунанд.

Мушкилоти кӯдакони бунёди «Некӣ»

Маҳмадсиддиқ Раҳмонов меафзояд, ин кӯдакон барои табобат ва барқарорсозии саломатиашон ба дорувориҳои зиёд ниёз доранд, аммо аз он, ки фарзандони оилаҳои камбизоатанд, имконияти табобат ва истеъмоли ғизои солим на ҳамеша барояшон даст медиҳад. Аммо даромад аз фурӯши маҳсулоти таҳия сохтаашон то андозае ниёзҳои онҳоро бароварда месозад.

Раъно Хоҷаева, маълули гурӯҳи дуввум, ки аксари вақташро ба сохтани даспонаву гарданбанд сарф мекунад, мегӯяд бо ин васила мехоҳанд назари атрофиёнро нисбат ба нафарони маълул, ки ғолибан чун ашхоси ҳамеша ниёзманду дастнигар шинохта шудаанд, тағйир бидиҳанд.

Вай бо қироати ин суруд:

"Мо низ, эй ҳамватан, фардои миллатем!
Ноқис мапиндорамон, мо ҳам сиҳатем.
Савдои имрӯзаро бе зар самар нест,
Арзон мапиндорамон, мо ҳам қимматем
".

мегӯяд, «то ҳоло умед дорем, ки шифо меёбему аз асобағал озод мешавем. Ин маблағҳо барои доруворӣ сарф мешаванд ва ба пойҳоямон нерӯ мебахшанд.»

Мавриди зикр аст, ки дар баробари омӯзиши ҳунар ба атфоли маълул, бунёди «Некӣ» таълими хонагиро ташкил кардааст. Муаллимаҳои ин созмон ба ин гурӯҳи кӯдакон хондану навиштан ва дигар машғулиятҳои зеҳниро меомӯзанд.

Хунарнамоии кудакон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00
XS
SM
MD
LG