Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: Толибон қаввитар аз интизорот будаанд


Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО имрӯз гуфт, ки Толибон ба ибораи худаш, қаввитар аз онанд, ки вай интизор дошт. Вале оқои Расмуссен қавл дод, ки нируҳои эътилофи байналмиллалӣ соли ҷорӣ дар Афғонистон ба пешрафт ноил мешаванд. Вай зимни мусоҳибаи телефонӣ бо радиои Канада изҳор дошт, ки баъд аз афзоиши шумораи нируҳо дар Афғонистон пешрафти сисёсӣ дар ин кишвар мушоҳида хоҳад шуд. Расмуссен ҳамчунин гуфт, нируҳои НАТО таъмини амнияти ҳамоиши сарони қабоилу ақвоми Афғонистонро бар ӯҳда мегирад. Ин ҳамоишро Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишвар барои 2-юми июн дар назар гирифтааст. Оқои Расмуссен амалиёти нируҳои НАТО дар Қандаҳор ва Багромро "бохт"-и низомӣ арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG