Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти эътирозии қирғизҳо бар зидди Узбакистон


Имрӯз ҳудуди 500 нафар сокинони шаҳраки Ботканди Қирғизистон роҳи автомобилрави миёни Қирғизистону Узбакистонро бастанд. Онҳо тақозо карданд, ки ҳангоми рафту омад ба водии Сух амнияти шаҳрвандони Қирғизистон таъмин шавад. Онҳо гуфтанд, ки аз 26-ӯми май ба ин сӯ тақрибан ба 10 мошини Қирғизистон ҳамла бурдаанд ва сокинони Ҳушёр- шоха ё енклави дуввуми Узбакистон ба ин мошинҳо осеб расондаанд. Мақомоти Узбакистон дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта садҳо нафар нируҳои амниятӣ, пулис ва низомиёни худро ба ин минтақа фиристодаанд. Сух шохаи бузурги қаламрави Узбакистон аст ва аҳолии он аслан тоҷикон ва узбакҳоанд.
XS
SM
MD
LG