Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷир барои интиқоли пул 6 сол ба зиндон рафт


Як додгоҳи шаҳри Маскав тоҷир Савелий Бурштейнро барои дуздии 20 миллион доллар аз Банки Марказии Туркманистон дар соли 2002 6 сол маҳкум ба зиндон кард. Бурштейн яке аз аъзои гурӯҳ буд, ки бо доштани шумораҳои бонкии интиқоли пул ва доштани системаи элекиронии интиқоли пул миллионҳо доллар ба хориҷ аз Туркманистон пул интиқол додааст. Барои боздошти Бурштейн интерпол соли 2003 дастур содир кард ва вай соли 2008 дар ҷумҳурии Чех боздошт ва ба Русия истирдод шуд. Мақомоти додгоҳии Русия мегӯянд, акнун Туркманистон метавонад аз Бурштейн бозгардони 20 миллион доллари худро тақозо кунад.
XS
SM
MD
LG