Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Олмон барои мусоҳибааш истеъфо дод


Имрӯз Ҳорст Коҳлер-раиси ҷумҳури Олмон аз мақомаш истеъфо дод ва гуфт, ин истеъфо билофосила эътибор пайдо мекунад. Вай дар паи интиқодҳояш аз ҳузури нируҳои Олмон дар Афғонистон даст ба ин тасмим задааст. Баъд аз боздидаш аз Афғонистон Коҳлер дар як мусоҳибаи радиоӣ гуфт, ҷомеаи Олмон тадриҷан ба ин ақида унс гирифтааст, ки нируҳои Олмон бояд барои фаъолият дар хориҷ аз хоки Олмон омода бошанд. Вай гуфт, чунин амалиёт барои ҳимоят аз роҳҳои озоди тиҷоратӣ ё барои ҷилавгирӣ аз бесуботӣ дар минтақа қобили қабул аст. Мунаққидони Коҳлер вайро барои дифоъ аз "дипломатия бо зӯри аслиҳа" муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG