Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ҷаласаи фаврии ША СММ-ро дархост кард


Баъд аз ҳамлаи нируҳои дарёии Исроил ба корвони киштии ҳомили кӯмакҳои башарӣ ба Навори Ғазаи Фаластин эътирозҳои шадиди байналмиллалӣ садо медиҳад. Салим Йенел-муовини вазири корҳои хориҷаи Туркия гуфт, кишвараш сафири худро аз Исроил фаро хондааст ва дархост кардааст, ки ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти СММ баргузор шавад. Салим Йенел дар ҳушдоре ба сафири Исроил дар Туркия гуфт, чунин рафтор ба муносиботи миёни ду кишвар "хисороти ҷуброннопазир" хоҳад расонд:

"Ин кор дар обҳои байналмиллалӣ рух дод ва он нақзи хашини муқаррароти байналмиллалӣ дониста мешавад. Мо сафири Исроилро ба ин ҷо эҳзор кардем. Мо гуфтем, ки ин нақзи хашини муқаррароти байналмиллалст, зеро ин корвоне буд, ки танҳо кӯмакҳои башарӣ мебурд. Ин иқдоми сулҳомез буд ва он дар ҳар сурат қобили пазириш нест".

Бан Ки Мун-ДК СММ гуфтааст, аз ин ҳамла дар ҳолати "шок" мондааст. Аз сӯи дигар, даҳҳо ҳазор нафар тазоҳуркунандагон ба нишонаи эътироз бар зидди чунин рафтори Исроил дар Истамбул ба кӯчаву хиёбонҳо рехтаанд. Юнон аз машқҳои муштараки низомӣ бо Исроил даст кашид ва боздиди як мақоми баландпояи низомии Исроилро аз Афина лағв кард. Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин ин ҳамларо қатли ом арзёбӣ кард. Шоми имрӯз дар Брусел намояндагони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунанд. Катрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки Исроил барои ин кораш бояд ҷавоб бидиҳад.
XS
SM
MD
LG