Пайвандҳои дастрасӣ

Мото Канишӣ, раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, иқдоми Тоҷикистон барои таъмини мардуми худ бо нерӯи барқи дохилӣ ва дастёбӣ ба истиқлолияти энержӣ ҳаққи мусаллами ин кишвар аст. Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ машғули арзёбии техникӣ ва зистмуҳитии Роғун мебошад

Раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Мото Канишӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорони хабаргузории «Азия плюс» талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои берунрафт аз бӯҳрони энержиро мусбат арзёбӣ карда, гуфтааст, иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳалли масоили энержӣ вобастагӣ дорад.

Мото Канишӣ яке аз роҳҳои ҳалли мушкили камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистонро рушди нерӯгоҳҳои хусусӣ номидааст.

Дар мавриди нерӯгоҳи Роғун раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ бар ин назар аст, ки ояндаи кишварҳои поёноби минтақа аз сохтмони Роғун вобаста аст.

Ӯ гуфтааст, сохтмони садду обанборҳо баръакс имкони кишварҳои поёноб барои обёрии заминҳои кишт дар ояндаро бештар мекунад ва бо танзими сарчашмаи дарёҳо метавон кишварҳои минтақаро бо оби зарурӣ таъмин намуд.

Дар интизори натиҷаи санҷиши коршиносони Бонки ҷаҳонӣ

Раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон, ҳар кадоме ба сурати ҷудогона ба раёсати ин ниҳоди ҷаҳонии молӣ нома ирсол кардаанд ва хостори таҳқиқи фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун дар сатҳи байнулмилалӣ шудаанд. Ва бо анҷоми ин корҳои таҳқиқотӣ аз сӯи коршиносони байнулмилалӣ натоиҷи он ба кишварҳои минтақа ироа хоҳад шуд.

Ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 20 -уми апрели соли равон ба манзури ошноӣ бо вазъи нерӯгоҳи барқи обии Роғун вориди Тоҷикистон шуданд.

Ин ҳайат зарфи як ҳафта ҷараёни иҷрои корҳои барқарорсозӣ дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун, имконот ва зарфиятҳои онро марвиди омӯзиш қарор дод.

Сафари ин ҳайат ба Тоҷикистон бар асоси созишномае миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди арзёбии фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун сурт гирифт. Дар пайи натиҷаҳои ин ташхис давлати Тоҷикистон хоҳад тавонист, то ба Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати ташкили консорсиюми байнулмилалӣ ва ҷалби сармоя муроҷиат намояд.

Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, арзёбии хатароти эҳтимолӣ ва манфиати нерӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби тамоми меъёру муқаррароти Бонки Ҷаҳонӣ, хулосаи коршиносони мустақили байналмилалӣ ва машварат бо кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ анҷом хоҳад шуд.

Бонки ҷаҳонӣ эълом дошта буд, ки мавзӯъи иштирокаш дар такмили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун танҳо баъди анҷоми арзёбӣ ва таъйиди коромадӣ ва манфиатовар будани нерӯгоҳ матраҳ хоҳад шуд.

Хомӯшии нисбӣ

Арзёбии байнулмилалии Роғун яке аз иддаоҳои давлати Узбакистон, ашаддитарин мухолифи ин тарҳ мебошад. Ҳукумати Ӯзбакистон мегӯяд, бунёди обанбори азим барои Роғун, дар Тоҷикистон сабаби коҳиши маҷрои об ба кишварҳои поёноб шуда ба ва вазъи муҳити зист ва зиндагии мардум дар Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мегузорад.

Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро беасос хонда ва мегӯяд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун зимни тақсими об бо ҳамсояҳояш беадолатӣ нахоҳад кард. Дар сурати такмил, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегават соат, қодир ба тавлиди бештар аз 13 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар як сол хоҳад буд.

Баъди боздиди ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва инчунин сафари Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ ба Тоҷикистон ҳамакнун таблиғи бесобиқаи сохтмони Роғун ва даъват барои харидории саҳмияҳои он то ҷое кунд шудааст. Аз сӯи дигар мухолифони Роғун ҳам дар симои вакилони муоҳифзатгари муҳити зист дар порлумони Узбакистон хомӯшии нисбиро пеша кардаанд.

Мисле, ки ҳама дар интизори эълони натиҷаи ҳайати коршиносии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи суду зиёи нерӯгоҳи Роғун нишастаанд. Аммо замоне барои эълони натоиҷи он эълон нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG