Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзуна Чориева – қаҳрамони бокси Осиё


Мавзуна Чориева, варзишгари тоҷик

Мавзуна Чориева, варзишгари тоҷик

Мавзуна Чориева, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона медали тилло ба даст овард.

Дар ин сабқати қитъавӣ, ки варзишгарони беш аз 20 кишвар ширкат доштанд, занон аз рӯи 9 вазн қувваозмоӣ карданд.

Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Мавзуна Чориева дар рақобатҳо байни занон дар вазни то 60 килограмм бар рақибонаш аз Ҳиндустон, Чин ва Корея ғолиб омад ва аввалин бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Мавзуна Чориева беҳтарин муштзани Осиё байни занон эътироф гашт ва бо ҷоизаи махсус - муҷассамаи муштзан сарфароз гашт. Мавзуна, ки 1-уми октябри соли 1992 таваллуд шудааст, соли 2009 дар пойтахти Қазоқистон дар як мусобиқаи байнулмилалӣ мақоми дуввумро касб карда буд».

Дар се вазн варзишгардухтарони қазоқ Қайна Шакарбекова (54 кг), Саида Ҳасанова 64 кг) ва Марина Волнова (81 кг) ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Дар вазнҳои дигар инҳо ғолиб омаданд: Мэри Ком (46 кг, Ҳиндустон), Лаишрам Деви (51 кг, Ҳиндустон), Юн Кум Ҷу (57 кг, Кореяи Шимолӣ), Янг Тинтинг (69 кг, Чин), Ванг Янруй (81 кг, Чин).

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон ғолиб шуд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали тилло мақоми панҷумро касб кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG