Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил куштори 10 нафарро таъйид кард


Низомиёни Исроил таъйид карданд, ки дастикам 10 нафар фаъолони ҷонибдори Фаластин кушта шудаанд. Ин куштор дар ҳоле рух додааст, ки як корвони киштиҳои кӯмак саъй кардааст, муҳосираи чаҳорсолаи Навори Ғазаро бишканад, вале киштии низомии Исроил аз он пешгирӣ кардааст. Як созмони хайрияи Туркия, ки ин корвони кӯмакро ҳамроҳӣ мекард гуфтааст, ки дар ҷараёни амалиёт дастикам 15 нафар кушта шудаанд ва аксари онҳо туркҳо будаанд. Корвони киштиҳо 10 000 тон орд ва тақрибан 700 нафар фаъолони ҷонибдори Фаластинро аз Туркия ба Навори Ғаза интиқол медод. Дэнни Эйалон-муовини вазири корҳои хориҷаи Исроил гуфтааст, дар ин киштиҳо аслиҳа низ пайдо шудааст. Ба нишонаи эътироз бар зидди ин ҳодиса имрӯз дар назди консулгарии Исроил дар Истамбул тазоҳуроти ғазаболуд баргузор шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG