Пайвандҳои дастрасӣ

Барномарезиҳои роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон дар Тоҷикистон


Бо такя ба суханони Ҷумъахон Зуҳуров-муовини аввали вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон хабаргузориҳои ин кишвар иттилоъ додаанд, ки ширкати роҳсозии Чин бо номи "Чайна Роуд" мумкин аст сармоягузории роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвонро бар ӯҳда бигирад. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин бора ҷонибҳо чанд даври музокира анҷом додаанд. Ҳоло ҷонибҳо роҷеъ ба 180 миллион доллар сармоягузорӣ дар сохтмони ин роҳи оҳан гуфтугӯ мекунанд ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Роҳи Ёвон-Ваҳдат 46 километрро ташкил медиҳад ва қисмати марказии Тоҷикистонро бо вилояти Хатлон пайванд мекунад.
XS
SM
MD
LG