Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони харобиовари Агата дар Амрикои Марказӣ


Мақомоти расмӣ мегӯянд, нахустин тӯфони гармсери мавсимӣ дар саросари Амрикои Марказӣ дастикам 101 нафарро куштааст. Дар натиҷаи ин тӯфон селобҳои ғайриинтизор ҷорӣ шудааст ва лағзиши гилу хок ба амал омада, хонаҳову роҳҳоро хароб кардааст. Тӯфони мавсимӣ, ки ба он номи рамзии Агата додаанд, даҳҳо ҳазор нафарро водор кардааст, ки манозили худро тарк кунанд. Ин тӯфон дар Гватемалаву Ҳондурас ва Эл Салвадору Мексика боронҳои шадид ҳамроҳ доштааст. Дар Гватемала 82 нафар кушта шудааст. Аз Эл Салвадору Ҳондурас низ дар бораи талафоти ҷонӣ гузоришҳо мерасад.
XS
SM
MD
LG