Пайвандҳои дастрасӣ

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Маҳмадзоир Соҳибов, раиси Агентии давлатии харид, кор ва хадамоти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Ин тасмим зимни баргузории ҷаласаи ахири Ҳукумати Тоҷикистон иттихоз шуд.

Ин дар ҳолест, ки Маҳмадзоир Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мебошад. Акнун ин суол матраҳ аст, ки барканории Соҳибов ва он ҳам домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, чӣ ангезае дорад?

Хабари барканории Маҳмадзоир Соҳибов, аз мақоми раиси Агентии хариди мол, кор ва хадамоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи баргузории ҷаласаи навбатии кобинаи давлати ин кишвар дар ду рӯзи пеш, нахуст дар Хабаргузории давлатии «Ховар» интишор гардид.

Ҳарчанд дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз ин ҷаласа гузорише дар сомонаи интернетияш нашр карда, вале ишорае ба барканории Маҳмадзоир Соҳибов аз мақомаш дар ин матлаб нашудааст.

Аммо барканории Маҳмадзоир Соҳибов, ки аз ӯ яке аз домодҳои бонуфузи раиси ҷумҳур талаққӣ ёд шудааст, вокушинҳоеро дар миёни ҷомеа ва коршиносони тоҷик ба бор овардааст.

Сабақ аз ҳодисаи Қирғизистон?

Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси маркази «Диалог» мегӯяд, бо он ки дар амри барканории ҷаноби Соҳибов ибораи «ба сабаби ба кори дигар гузаштан» сабт шудааст, аммо гумон аст, ки вай довталабона аз мақомаш «ба кори дигар гузашта» ва ё аз мақомаш даст кашида бошад.

Сайфуллозода мӯътақид аст, ки пушти барканории «домоди раиси ҷумҳур» фарзияҳое, аз ҷумла таъсири ҳаводиси кишвари ҳамсояи Қирғизистон ва аз сӯи дигар ҳадсу гумонҳое дар мавриди фаъолиятҳои марбут ба пайвандону фарзандони раиси ҷумҳур нуҳуфтааст.

Ба бовари Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, барканории яке аз наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон идомаи «эстафета»-и пешгирифтаи раисони ҷумҳури Қазоқистону Узбакистон аст.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, аз роҳи дур кардани Маҳмадзоир Соҳибов, давлат мехоҳад, таваҷҷӯҳи ҷомеъаро аз мушкилоте, ки дар пайи пулакӣ шудани роҳи Душанбе - Хуҷанд пеш омада ва эътирозоти ҷиддиеро дар миёни сокинон ба бор овардааст, дур кунад.

Домоди дигар ҳамчунон дар сари вазифаст

Ахиран, пулакӣ шудани роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд, аз сӯи ширкати «Иновайтед Роуд Солушенз» ба мушкилоти умдаи ҷомеъа табдил шудааст. Дар миёни ҷомеъа ин сару садо вуҷуд дорад, ки гӯё пушти ин ширкат Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия, ки ҳамзамон домоди дигари раиси ҷумҳур маҳсуб мешавад, истиодааст.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, воқаен пулакӣ шудани ин роҳ ба мушкили рақами як дар Тоҷикистон табдил шудааст. Пас тасмимгириҳои ахир ҳокӣ аз он аст, ки давлат мехоҳад, то ин мушкилро танзим кунад.

Ҷаноби Маҳмадазимов, бар ин аст, ки эҳтимол дорад барканории Маҳмадзоир Соҳибов, оғозе барои тасмимгирҳои баъдӣ дар мавриди дигар афроди наздик ба шахси аввали Тоҷикистон бошад.

Барканории Маҳмадзоир Соҳибов ҳадсу гумонҳои дигареро низ ба бор овардааст. Гуфта мешавад, ин тасмим ба думболи сар задани ихтилофи назароҳе гирифт шуда бошад. Дар ҳар сурат, Маҳмадзоир Соҳибов, аз ҷеҳраҳои бонуфуз дар доираҳои молии Тоҷикистон дониста мешавад.

Ҳарчанд Ҳасан Саъдуллозода, бародархонуми раиси ҷумҳури Тоҷикистон раёсати Бонки «Ориёнбонк», бузургтарин бонки Тоҷикистонро бар дӯш дорад.

"Ин сабақи қирғизӣ нест"

Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёӣ мутмаин нест, ки таҳаввулоти ба вуҷудомада дар кишварҳои ҳамсоя, тасмимгирҳои раисони ҷумҳури ин кишварҳо ва ҳатто ҳаводиси Қирғизистон асаре ба тасмими ахири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дошта бошад. Зеро ҷаноби Муллоҷонов, мӯътақид аст, ки аз назари мансабдорони Тоҷикистон, вазъи ин кишвар мисли кишварҳои ҳамсоя нахоҳад буд.

Ӯ мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд барканории Соҳибов ба хотири барҳам хӯрдани Агентии хариди мол, кор ва хамдоти назди ҳукумат ва дигар шудани сохтори он сурат гирифта бошад ва ё эҳтимол дорад, ҷаноби Соҳибов ба вазифаи баландтаре баргузида шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG