Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи НАТО: Эрон ба Толибон кӯмак мекунад


Генерал Стенли МакКристал, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон мегӯянд, далелҳои возеҳе вуҷуд дорад, ки Эрон ҷангиёни толибро бо силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ таъмин кардааст.

Ӯ гуфт: “Эрон кишвари ҳамсояи Афғонистон аст ва ҳамчун ҳамсоя дар ин кишвар манфиатҳои худро дорад. Ман фикр мекунам, кӯмаке, ки онҳо мерасонанд дар аксари мавридҳо мунсифона ва безарар аст. Бо вуҷуди ин далелҳои возеҳ вуҷуд дорад, ки Эрон баъзан Толибонро бо аслиҳа таъмин мекунад ва ҷангиёнашонро тамрин медиҳад ва ин ғайриқобили қабул аст”.

Генерали амрикоӣ гуфт, тамрини толибон аз ҷониби мутахассисони эронӣ дар қаламрави Эрон анҷом мегирад ва баъд аз ин толибон бо аслиҳа марзро убур мекунанд.

МакКристал гуфт, ки ба идораи Толибон даромадани ноҳияи Барги Матали вилояти Нуристон чанд сабаби умда дошт, ба вижа яке аз сабабҳои он гирдиҳам омадани теъдоди бузурги ошӯбгарони Толибон дар ноҳияи зикршуда аст.

Ӯ гуфт: “Ҳангоме, ки шумораи ошӯбгарон дар минтақаҳо меафзояд, онҳо метавонанд теъдоди мушаххаси нерӯҳои ҷангиро муттаҳид кунунад. Аммо албатта, тавре, ки ба шумо маълум аст, мо амнияти дигар минтақаҳоро таъмин мекунем. Ва ман мутмаинам, ки ин ноҳия низ дар дасти ошӯбгарон боқб нахоҳад монд”.

Бино ба гузоришҳои намояндагони ҳукуматҳои маҳалӣ барои ёрии толибон дар ноҳияи Барги Матал садҳо толиби покистонӣ омада буданд.

Мақомоти маҳаллӣ: НАТО ба нерӯҳои мо кӯмак накард

Аммо мақомдорони маҳаллӣ иддаъо доранд, ки нерӯҳои Кобул ва НАТО барои дифоъи ноҳия аз ҳуҷуми ошӯбгарон ба нерӯҳои интизомии маҳалӣ мусоидат накарданд.

Генерали амрикоӣ дар посух ба ин иттиҳомот гуфт, ки артиши НАТО дар тамоми манотиқи Афғонистон бо ҳукумати марказӣ ҳамкорӣ мекунад ва мавқеъҳои Ттолибонро дар ин ноҳия борҳо мавриди зарбаҳои мушакӣ ва ҳавоӣ қарор дода буд.

Аммо дар посух ба савол дар бораи нақшаҳо барои рондани толибон аз ноҳия ва таърихи эҳтимолии амалиёти низомӣ МакКристал иброз дошт, ки наметавонад нақшаҳои амалиётҳои низомии ояндаро муҳокима кунад. Бо вуҷуди ин гуфт, ки НАТО алоқаманд аст тамоми қаламрави Афғонистонро аз Толибон озод кунад.

Густариши фаъолияти Толибон дар Нуристон

Тибқи гузоришҳо Толибон дар вилояти Нуристон амалиёти густардаро оғоз намуданд ва баъд аз шурӯъи он шумораи ҳамлаҳои интиҳорӣ афзоиш ёфт. Фармондеҳи амрикоӣ ин ҳамлаҳоро таҳдидии аслӣ ба амнияти мардуми Афғонистон хонд.

Ӯ гуфт: “Ман фикр мекунам, ин ба мардуми Афғонистон хатари аслӣ эҷод мекунад. Ман фикр мекунам, ки афғонҳо бояд муттаҳид шуда кӯшиш кунанд то ба анҷоми ҳамлаҳои интиҳорӣ ва дигар амалҳои пархошҷуёна халалдор шаванд. Онҳо бояд ба истеҳсоли дастгоҳҳои тарканда роҳ надиҳанд. Чун ки аз ин дастгоҳҳо шумораи зиёди сокинони бегуноҳи Афғонистон ба ҳалокат мерасанд. Танҳо иттиҳод ва ягонагии мардуми Афғонистон метавонад нерӯи пешгирикунандаи воқеъӣ шавад”.

Бино бар омори вазорати дифоъи Амрико, дар айни замон дар Афғонистон дастикам 94 ҳазор афсару сарбози ИМА мустақаранд. Тибқи иттилоъи хабаргузориҳо, дар давоми ҷанги 8-сола дар Афғонистон 1000 сарбози Амрико ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG