Пайвандҳои дастрасӣ

Пулчинӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ субҳи рӯзи душанбе низ идома дошт. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон мегӯянд, қарори комиссияи махсусро дар мавриди қатъ намудани ҷамъоварии маблағ дар ин роҳ ба мақомоти ширкати IRS ду рӯзи пеш таслим кардаанд.

Рузи 27-уми май, комисюни вижаи Хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон зимни як нишаст ва баррасии кушоди ин қазия, пулситонӣ дар гузаргоҳҳои роҳи Душанбе-Чаноқро ғайриқонунӣ донист ва аз ширкати Innovative Road Solutions (IRS) тақозо кард, ки ба ҷамъоварии пул аз мардум дар ин роҳ хотима диҳад.

Амонулло Ашӯр, раиси ин Хадамоти зидди инҳисорӣ ва раиси комиссия, гуфт, фаъолияти ширкати “IRS” дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст. Ба гуфтаи ин комиссия, ширкат дар бораи фаъолият, пули ҷамъоварда ва таъмиру нигаҳбонии роҳ ва воситаҳои фанни харидашуда ба давлат иттилоъ надодааст.

Дар баррасии фаъолияти ширкати "IRS" аз сӯи камисюни вижа Фаррух Каримов, мудири ин ширкат дар Тоҷикистон, сармуҳосиб ва дигар мақомоти ин ширкат ҳузур доштанд.

Вале дар муқобили иддаоҳои мақомоти Хадамоти дар мавриди фаъолияти ғайриқонунии ширкат далеле ё посухи муҳкаме ироа накарданд. Танҳо аз комиссия хоҳиш карданд, ки ин мавзӯъро ба додгоҳ накашанд ва дар чорчӯби Хадамоти мазкур ҳал кунанд.

Амонулло Ашӯр гуфт, агар ин ширкат ба амри Хадамот бори дигар итоат накунад, дар он сурат ин моҷаро ба додгоҳ кашида хоҳад шуд.

Моҷарои аввалин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон

Душанбе – Чаноқ нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки пулҷамъкунӣ дар масири он зимни ифтитоҳи расмии он дар аввали моҳи апрел оғоз шуд.

Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуда буд.

Гузаргоҳи аввалини роҳи Душанбе - Чаноқ
Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд. Роҳи Душанбе –Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд.

Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд.

Роҳи Душанбе-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.

Innovative Road Solutions дар паноҳи марҳамати кист?

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе – Чаноқро бар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тасвиби порлумон низ расидааст сурат мегирад.

Ин ширкат ба иддаъои худаш як ширкати бонуфузи хориҷст, ки бо чандин давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар маълумотҳое мавҷуд аст, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Верҷиния номнавис шуда ва таҷрибаи кории собиқа надорад. Ва муассисони он ҳам аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳадсу гумони фарзияҳои фаровоне роҷеъ ба робитаи моликони ин ширкат ва мақомоти Тоҷикистон низ дар расонаҳо ва миёни мардум ҳамчунон сайр дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG