Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Колумбия даври дуввум доир хоҳад шуд


Вазири пешини дифоъи Колумбия Хуан Мануэл Сантос ва шаҳрдори собиқи Богота, пойтахти ин кишвари Амрикои лотинӣ Антанас Мокус ба даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки рӯзи 20 июн доир хоҳад шуд, роҳ ёфтанд. Ҳарчанд касе аз онҳо ба 50 дарсади оро даст наёфт, вале дар даври аввал бартарии Сантос бар рақибаш, ки решаҳои литвонӣ дорад, хеле қавӣ буд. Бар асоси шумориши ағлаби орои интихоботи дирӯза, Сантос 47 ва Мокус 22 дарсад раъй ба даст оварданд. Хуан Сантос аз муттаҳидини раисиҷумҳури кунунӣ Алваро Урибе аст. Худи Урибе ду давраи раёсатҷумҳуриашро адо карда, ҳаққи ширкат дар интихоботи навбатиро надошт.
XS
SM
MD
LG