Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷибао ҷилавгирӣ аз ҷанги ду Кореяро муҳим номид


Сарвазири Чин Вен Ҷибао пешгирӣ аз муноқишаи байни ду Корея бар сари қазияи ғарқ кардани киштии ҷангии Кореяи ҷанубиро “хеле муҳим” номид. Вен Ҷибао имрӯз дар поёни музокироти дурӯза бо сарвазири Ҷопон ва раисиҷумҳури Кореяи ҷанубӣ ҳамаро ба хештандорӣ даъват кард ва гуфт, “вазифаи имрӯза расидагии муносиб ба қазияи Чеонан, коҳиши батадриҷи танишҳо ва бахусус пешгирӣ аз рӯёрӯист.”
Мавзӯъи асосии музокирот дар ҷазираи Ҷеҷуи Кореяи ҷанубӣ масоили тиҷорат буд, вале қазияи киштии ғарқшудаи ин кишвар рӯи дастури кори ин музокирот низ соя андохт.
XS
SM
MD
LG