Пайвандҳои дастрасӣ

Комёбии Дилшод Назаров дар Ҳолланд


Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров рӯзи якшанбе дар мусобиқоти гурзандозии Ҷоми даъвати Иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук дар Ҳенгелои Ҳолланд гурзашро ба масофаи 78 метру 29 сантиметр андохта, сазовори ҷои дуввум шуд. Мақоми аввалро дар ин сабқат бо натиҷаи 78 метру 98 сантиметр Сергей Литвинов, ки аз Олмон намояндагӣ мекунад, ба даст овард. Кристиан Парс аз Маҷористон, ки гурзашро ба масофаи 77 метру 14 сантиметр андохт, дар рақобатҳои Ҳенгело мақоми севвумро ба худ ихтисос дод.
XS
SM
MD
LG