Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

7 мӯъҷизаи Тоҷикистонро маълум карданд


Бино ба гузориши МГТРК “Мир”, дар Тоҷикистон бар асоси як назарсанҷие, ки ним сол идома кард, 7 мӯъҷизаи ин кишварро маълум кардаанд. Аз тақрибан 2000 ёдгории таърихиву табиӣ танҳо 65 ёдгорӣ ба даври ниҳоии ин озмун интихоб шуда буд. Ба ҳайси 7 мӯъҷизаи беҳтарини Тоҷикистон қалъаҳои Ҳисору Панҷакенту Саразм ва шаҳраки Ҳулбук ва ҳамин тавр, мавзеъҳои нотакрори табиии Гармчашмаву Сарихосор ва водии Ҳафткӯл интихоб шуданд. Озмуни “7 мӯъҷиза” яке аз мароҳили рушди соҳаи сайёҳат дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Мароҳили баъдӣ навсозии зербино ва тарбияи мутахассисони риштаи ҷаҳонгардиро дар бар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG