Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МакКристалл дар бораи кӯмаки Эрон ба Толибон


Генерал Стенлӣ МакКристалл, фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон кӯмакҳои Эрон ба Афғонистонро амри табиӣ номид, вале гуфт, як бахши ин кӯмакҳо ёриҳои низомист, ки ба ҷангиёни толиб расонда мешаванд. Генерали амрикоӣ дар гуфтугӯяш бо Радиои Озодӣ гуфт, “Эрон ба унвони ҳамсояи Афғонистон дар ин кишвар манофеъи табии худро дорад ва дар бисёр маворид кӯмаку мушорикатҳои Эрон солиманд, вале шавоҳиде ҳам дар даст ҳаст, ки Эрон дар бархе маворид Толибонро тамрин ва таъмини силоҳ мекунад, ки қобили қабул нест.” МакКристалл гуфт, тамрини ҷангиёни толиб дар дохили Эрон сурат гирифта, ҳамчунин аз Эрон ба Афғонистон таслиҳот ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG