Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҷангиёни толиб дар Қундузу Бадахшон


Дар вилояти Бадахшони Афғонистон, бар асари таркиши як бомби рӯироҳ, ки масъулияташаро Толибон бар ӯҳда гирифтанд, дастикам 7 пулиси афғон кушта ва як тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ноиби волии Бағлон Шамсулраҳмони Шамс дар натиҷаи бархӯрдан ба бомб таркидани мошини пулис дар ин вилояти дурдасти ҳаммарз бо Тоҷикистону Чинро таъйид кард.
Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ин ҳамларо Толибон анҷом додаанд, вале ба гуфтаи ӯ, ҳамаи 8 афсари пулис кушта шудаанд. Дар як ҳамлаи дигар ба посгоҳи пулис дар вилояти ҳамҷавори Қундуз 3 ҷангии толиб кушта ва 7 тани дигар захмӣ шудаанд. Ноиби раиси пулиси Қундуз Муҳаммадраззоқ Яъқубӣ гуфт, нирӯҳои пулис дар ин даргирӣ талафот надодаанд.
XS
SM
MD
LG