Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти аз содироташ 2 карат бештари Тоҷикистон


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали сол 1 миллиарду 132 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин миён мизони содирот 377 миллион ва воридот 755 миллион долларро ташкил дода, воридоти Тоҷикистон назар ба содироташ дуруст 2 маротиба бештар будааст.
Тоҷикистон ба хориҷ асосан алюминиуми аввалия, нахи пахта, нирӯи барқ ва меваи хушк содир карда, аз хориҷ бештар маводи сӯхт, хӯрокворӣ, бо шумули орду гандум, васоили нақлия ва либосу маводи сохтмон ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG