Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳамчунон нигарони хуруҷи нафт аст


Кохи Сафед гуфт, ҳаҷми газу нафте, ки аз чоҳи сӯрохшудаи марбут ба ширкати “Бритиш Петролеум” (ВР) ба халиҷи Мексика мерезад, метавонад то 20 дарсади дигар биафзояд.
Мақомоти маъмурият раисиҷумҳур Барак Обамаро низ аз чунин сурати ҳол дар ҷараён гузоштаанд. Обама талошҳои ширкати бритониёӣ ҷиҳати ҳалли қазияро баҳс кардааст.
Ду талоши ВР ба манзури гирифтани пеши роҳи хуруҷи нафту газ ба обҳои халиҷ натиҷаи зиёд надод ва ин ширкат акнун мехоҳад нафту газеро, ки хориҷ мешавад, бо истифода аз таҷҳизот ҷамъоварӣ кунад. Интизор меравад, ВР имрӯз ё пагоҳ ба иҷрои ин барнома шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG