Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи намояндаи НАТО аз Ҷиргаи сулҳ


Марк Седвилл, намояндаи ғайринизомии паймони НАТО дар Афғонистон Ҷиргаи сулҳеро, ки қарор аст, дар ин ҳафта дар Кобул доир шавад, як давраи сарнавиштсоз дар амри хатми низоъи Афғонистон унвон кард. Мақоми аршади НАТО гуфт, ин анҷуман як фурсат барои расидан ба оштии миллӣ ва ҳалли масоили сиёсист. Интизор меравад, Ҷиргаи сулҳ рӯзи 2 июн бо ҳузури тақрибан 1600 тан аз раҳбарони қабоил ва гурӯҳҳои сиёсӣ аз саросари Афғонистон оғоз ба кор кунад. Тарҳи муомилаи сулҳи давлати Ҳомиди Карзай бо Толибон як мавзӯъи аслии баҳси Ҷиргаи сулҳ хоҳад шуд. Марк Седвилл гуфт, НАТО ва ҷомиаи байналмилалӣ аз ин ҷирга комилан ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG