Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қитъаи интихоботӣ қуттии овоздиҳӣ шикаста шуд


Ҳадди аққал дар як қитъаи интихоботии Гурҷистон раъйдиҳии такрорӣ баргузор хоҳад шуд. Ба иттилоъи Ҷулӣ Георгадзе, сухангӯи Комиссиюни марказии интихоботии кишвар, дар як деҳаи воқеъ дар шарқи Гурҷистон қуттии овоздиҳӣ шикаста шуд. Баъд ин масъулин раъйдиҳиро қатъ карданд ва дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ҷулӣ Георгадзе ҳамчунин гуфт, ки то соати 12-и зӯҳр 20 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд.
Интихоботи мақомоти вилоятиву шаҳриву ноҳиявӣ субҳи рӯзи якшанбе дар сартосари Гурҷистон шурӯъ шуд. Бори аввал интихоботи мустақими шаҳрдории Тифлис низ баргузор мешавад. Барои дарёфти курсии мири пойтахт 9 нафар, аз ҷумла, намояндаи ҳизби ҳукмрони “Ҷунбиши ягонаи миллӣ”, шаҳрдории феълии Тифлис Гигӣ Угулава, талош меварзанд.
Ин маъракаи сиёсиро тақрибан панҷ ҳазор нозирони маҳалливу байнулмилалӣ, аз ҷумла, аз Иттиҳодияи Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Шӯрои Аврупо назорат мекунанд.
XS
SM
MD
LG