Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷиҳо мақомоти маҳаллиро интихоб мекунанд


Интихоботи маҳаллӣ дар Гурҷистон бидуни қонуншиканиҳои ҷиддӣ идома дорад. Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботии кишвар, дар баъзе қитъаҳои интихоботӣ мушкилоти фаннӣ ошкор ва аммо онҳо ба таври фаврӣ ислоҳ карда шуданд.
Интихоботи мақомоти вилоятиву шаҳриву ноҳиявӣ субҳи имрӯз дар сартосари Гурҷистон шурӯъ шуд. Бори аввал интихоботи мустақими шаҳрдории Тифлис низ баргузор мешавад. Барои дарёфти курсии мири пойтахт 9 нафар, аз ҷумла, намояндаи ҳизби ҳукмрони “Ҷунбиши ягонаи миллӣ”, шаҳрдории феълии Тифлис Гигӣ Угулава, талош меварзанд.
Ин маъракаи сиёсиро тақрибан панҷ ҳазор нозирони маҳалливу байнулмилалӣ, аз ҷумла, аз Иттиҳодияи Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Шӯрои Аврупо назорат мекунанд.
XS
SM
MD
LG