Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи канадагии НАТО дар Афғонистон барканор шуд


Яке аз фармондеҳони нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар Афғонистон аз мақомаш барканор шуд. Генерал Даниэл Менар раҳбарии нерӯҳои Канадаро бар ӯҳда дошт. Дар изҳороти расмии ҳайати фармондеҳӣ гуфта шудааст, ки генерал дастури хизматӣ оиди муносибати шахсии низомиёнро пушти по задааст. Дар изҳорот тавзеҳоти бештаре дар ин бора дода нашудааст.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои Канада аз мақом барканор шудани генерал Менарро бо робитаи маҳрамонааш бо як хонуми зердасташ бастагӣ додаанд. Дар Афғонистон 2800 низомии канадагӣ мустақаранд, ки дар задухӯрдҳо бо толибон дар вилояти Қандаҳор ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG