Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҷарои аввалин дар ҳукумати эътилофии Бритониё


Дар ҳукумати эътилофии муҳофизакорон ва либерал-демократҳои Бритониё моҷарои нахустин рӯх дод. Вазири молия Дэвид Лоуз, муллифи тарҳи коҳиши касри буҷа, бар асари иттиҳоми сӯиистифода аз маблағ истеъфо дод. Рӯзномаи Daily Telegraph хабареро нашр кард, ки тибқи он Лоуз, замони вакили парлумон буданаш, дар бораи истифодаи маболиғи барои ӯ пешбинишуда иттилоъи нодуруст додааст. Ба навиштаи рӯзнома, Лоуз ин маблағро асосан барои пардохти иҷорапулии манзили як дӯсташ истифода кардааст.
Истеъфои узви ҳизби либерал-демократӣ аз мақоми вазирӣ - зарбаи аввал ба ҳукумати эътилофии Бритониёст, ки ҳамагӣ се ҳафта пеш ташкил шуда буд.
XS
SM
MD
LG