Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон сафараш ба Аргентинаро лағв кард


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия, сафари худ ба Аргентинаро лағв кард. Бар пояи изҳороти Анқара, ин тасмим бо сарпечии шаҳрдории Буэнос-Айрос, пойтахти Аргентина, аз ифтитоҳи муҷассамаи поягузори давлати феълии Туркия дар ин шаҳр бастагӣ дорад. Дар ин санад гуфта шудааст, ки шаҳрдорӣ маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи Мустафо Камол Отатуркро зери фишори “доираҳои бо Туркия душмани арманиҳо” лағв кардааст.
Кристина Киршнер, раисиҷумҳури Аргентина, дар сӯҳбати телефонӣ бо Эрдуғон ташреҳ кард, ки тибқи қавонини кишвараш, ҳукумат ҳаққи бекор кардани тасмими шаҳрдорӣ дар робита ба ободонии Буэнос-Айросро надорад.
Дар Аргентина ҷамоаи бузурги арманиҳо ба сар мебарад. Бештари онҳо – авлоди арманиҳоеанд, ки солҳои ҷанги якуми ҷаҳон ва баъд аз он бар асари таъқибу фишор аз Туркия фирор карда буданд.
XS
SM
MD
LG