Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъдоми як ҳамлагар ба атфол дар Чин


Имрӯз дар Чин мардеро, ки дар ҳамла ба кӯдакистон айбдор шуда буд, эъдом карданд. Ба иттилоъи хабаргузориии Синхуа, рӯзи 29 апрел марди бекори 47-сола вориди як кӯдакистони шаҳри Тайсин, воқеъ дар вилояти шарқии Сзянсу ворид шуда, ба 29 тифл корд задааст. Дар ин ҳодиса ягон кӯдак кушта нашудааст.
Аз оғози сол дар Чин панҷ ҳамла ба мактабу кӯдакистонҳо сурат гирифтааст, ки бар асари онҳо 17 кӯдак кушта шуда ва 40 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG