Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як садамаи пурқурбонӣ дар Ҳиндустон


Бар асари садамаи автобус дар Ҳиндустон дасти кам 30 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, автобуси мусофирбар, ки сӯи шаҳри Бангалор ҳаракат мекард, бо сабабҳои то ҳол номаълум аввал ба постгоҳи полис бархурд ва сипас ба нишебӣ афтода чаппагардон шуд. Дар ин ҳодиса тақрибан 30 каси маҷрӯҳ шуданд.
Тайи рӯзҳои ахир ин дуввумин садамаи пурқурбонӣ дар Ҳиндустон аст. Рӯзи ҷумъа бар асари аз роҳ берун шудан ва қатори дигар бархурдани як қатори мусофирбар дар аёлати Банғоли ғарбӣ 90 нафар кушта ва тақрибан 150 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Қатори мусофирбар аз Калкута сӯи Мумбай ҳаракат мекард.
XS
SM
MD
LG