Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ховари Миёна - минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ мешавад?


Кэтрин Эштон, Котиби Иттиҳодияи Аврупо дар умури байнулмилалӣ, аз натоиҷи нишаст оид ба мушкилоти Созиши паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ истиқбол кард. Дар поёни ин нишаст, ки дар Ню Йорк баргузор шуд, ҳайатҳои кишварҳои созишро тасвибкарда хостори таъсиси минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ дар Ховари Миёна шуданд. Онҳо ҳамчунин даъват карданд, ки соли 2012 конфаронс дар ин бора бо ширкати ҳама раҳбарони Ховари Миёна доир шавад.
Дар санади ниҳоӣ аз ҳукумати Исроил даъват шудааст, ки Созиши паҳн накардани силоҳи ҳастаиро имзо кунад. Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз натоиҷи нишасти Ню-Йорк истиқбол кард ва аммо аз ёдовар шудани номи Исроил дар санади ниҳоӣ интиқод кард. Маъмурияти Кохи Сафед ҳадс мезанад, ки ин амал шояд боиси сарпечии мақомоти Исроил аз ширкат дар конфаронси соли 2012 шавад.
XS
SM
MD
LG