Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талабот ба нашрияҳои русзабон дар Тоҷикистон ба фарқ аз 10 соли қабл коҳиш ёфтааст. Ин хулосаи таҳқиқоти созмони ҷамъиятии «Медиа консалтинг» пас аз пурсише дар миёни раҳбарони 14 нашрияи русзабони Тоҷикистон мебошад.

Бар тибқи ин назархоҳӣ, ки таҳти унвони «Вазъи расонаҳои русзабон дар Тоҷикистон» ва бо ҳадафи муайян кардани мизони эътибор ва мушкилоти расонаҳои русӣ дар бозори иттилоотии Тоҷикистон гузаронида шудааст, 60 дарсади пурсидашудагон ҳолати феълии ВАО-и русзабонро бад арзёбӣ кардаанд. 30 дарсад ин вазъро миёна ва 8 дарсади дигар хуб гуфтаанд.

Набӣ Юсупов, як масъули созмони «Медиа консалтинг», мегӯяд, бинобар натиҷаҳои ин назарсанҷӣ, камбуди хонанда аз мушкилоти аввалиндараҷаи расонаҳои русзабон дар Тоҷикистон унвон мешавад. Кам шудани аҳолии русзабону рафтани қишри босавод аз Тоҷикистон, коҳиши этимоди мардум ба васоити ахбори омма ва тағйирот дар қонуни забони тоҷикӣ дар пурсиш аз авомили аслие унвон шудааст, ки ба кори матбуоти русии ин кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Мушкил дар хонанда не, дар рӯзноманигор

Аммо Марат Маҳмадшоев, сардабири нашрияи бонуфузи русзабони Тоҷикистон - «Азиа Плюс», мегӯяд, ба ақидае, ки гӯё тағйирот дар қонун доир ба забони давлатии Тоҷикистон ва ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо эътироф нашудани забони русӣ ба кори онҳо таъсир расонидааст, мувофиқ нест. Оқои Маҳмадшов мегӯяд, мушкили аслӣ дар фаъолияти онҳо, феълан ин камбуди хабарнигорони русзабон аст.

Бино ба натиҷаҳои ин назарсанҷӣ, аксари масъулини нашрияҳои русабони Тоҷикистон аз фаъолияти кормандони худ розӣ нестанд ва 29 дарсади пурсидашудагон вуҷуди таҳдиди барҳам хӯрдани нашрияи зери назари худро воқеъӣ хондаанд ва танҳо 15 дарсад ба ояндаи худ дар саҳнаи матбуоти Тоҷикистон мутмаинанд.

Реклама дар дасти кист?

Дар заминаи ин пурсиш ҳамчунин муайян шудааст, ки даромади аслии аксари нашрияҳои русзабон аз ҳисоби фурӯши он ва реклама ба даст меояд.

Дар ҳамин ҳол, Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик ва раҳбари созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», чунин натиҷагирии ин таҳқиқотро чандон дуруст намешуморад. Ба қавли ӯ, дар шароите, ки 80 дарсади даромади бозори рекламаи васоити ахбори оммаи Тоҷикистонро ҳамоно матбуоти русзабон соҳибанд, наметавон гуфт, ки ҳоли ин расонаҳо бад аст. Вале, мегӯяд оқои Дӯстов, дар 3 соли охир ба сурати умум, рушди матбуоти тоҷикзабон бозори васоити ахбори умуми русзабонро то ҷое танг кардааст.

Дар маҷмӯъ, теъдоди расонаҳои русзабони Тоҷикистон имрӯз ба 40 адад мерасад. Аксари ин нашрияҳо муҳтавои иҷтимоӣ-сиёсӣ доранд. Аммо, ба эътиқоди коршиносон, 80 дарсади расонаҳои русзабон бештар ба баррасии масоилу ҳаводиси Русия мепардозанд ва ё бо нусхабардорӣ аз расонаҳои Русия матолиби нашрияҳои худро пур мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG