Пайвандҳои дастрасӣ

Сарпечии Минск аз ширкат дар татбиқи кодекси гумрук


Русия ва Қазоқистон шурӯъ аз рӯзи 1 июли соли равон татбиқи кодекси гумруки Иттиҳодияи гумрукиро шурӯъ мекунанд. Ва аммо татбиқи ин санад бидуни ширкати Белорус, дигар аз кишварҳои узви Иттиҳодияи гумрукӣ, сурат мегирад. Дар бораи тасмими шурӯъ шудани татбиқи кодекси гумрукӣ ахиран Владимир Путин баъд аз анҷоми музокирот бо раиси ҳукумати Қазоқистон Карим Масимов дар шаҳри Санкт-Петербург хабар дод. Дар ин музокирот бояд раиси ҳукумати Белорус Сергей Сидорский низ ширкат мекард ва аммо сафари ӯ бо сабабҳои ташреҳнашуда лағв карда шуд. Путин ва Масимов изҳори умедворӣ намуданд, ки Минск баъдан ба созишҳои ҳосилшуда ҳамроҳ мешавад. Дар ҳамин ҳол мақомоти Белорус ҳамроҳ нашудан ба татбиқи кодекси гумрукиро бо ихтилофи назарашон бо Русия дар робита ба пардохти ҳаққи гумрукӣ барои содироту воридоти нафт ва маводи сӯхт марбут кардаанд.
XS
SM
MD
LG