Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се тан дар сӯхтор дар чоҳи нафт дар Эрон


Радиои давлатии Эрон дар бораи сӯхтор дар як чоҳи нафт дар як минтақаи ҳаммарз бо Ироқ хабар дод. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса се нафар ба ҳалокат расида ва 12 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилоъи расмӣ, сӯхтор дар як чоҳи Нафтшаҳр рӯх дода, сабаби аслии он – ихроҷи газ будааст. Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ идома дорад.
Эрон аз бузургтарин содиркунандагони нафти созмони ОПЕК маҳсуб мешавад ва ҳамарӯза тақрибан 4 миллиону 200 ҳазор бушка нафт тавлид мекунад.
XS
SM
MD
LG