Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабқати Евровидение (Eurovision) бо таронаҳои сабуку безавқ, ки дар он пешкаш мешаванд, маъмулан, мавриди тамасхур аст, аммо боз ҳам миллионҳо нафарро бебанд дар пойи телевизорҳо мебандад.

Барои иштирок дар сабқати ниҳоии он, ки рӯзи 29-уми май баргузор хоҳад шуд, 25 овозхон интихоб шудаанд.

“Гитор”-и ғайриҳирфаии русӣ

Петр Налич, номзади Русия дар сабқати таронаҳои Евровидение, бори аввал се соли пеш бо таронаи арзонсохти "Гитор" дар Интернет зуҳур кард. Навори нахустини таронаи Петр Налич бо дурбини ғайриҳирфаӣ сабт шуда буд.



Налич бо соддагиҳои зоҳирӣ ва сабки таронасароӣ ба дили русҳо ҷой шудааст. Аммо онҳое, ки ду соли пеш шефтаи ҳунарнамоии намояндаи дигари Русия Дима Билан шуда буданд, хушбин нестанд, ки Налич битавонад бо ин соддагӣ дар сабқат фирӯз шавад.

Дар сабқати ниҳоӣ ин овозхони 29-сола бо таронаи ҳассоси якнафарӣ бо номи "Lost and Forgotten" ("Гумшуда ва аз ёд рафта") ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Налич ин таронаро дар даври пеш аз ниҳоии сабқат бо сарулибоси оддӣ ва гарданбанди хоси худ сароид, ки дар муқоиса бо шару шӯри Евровидение ва дар муқоиса бо овозхонҳои қаблии Русия дар ин сабқат камранг ба назар омад.

Ягона вижагиаш дар пораи коғазест, ки аз ҷайбаш бадар овард, ки гӯё акси маҳбубаш буд. Ва пораҳои барфи сафед, ки бар сару шонаҳояш мерехт. Ин ҳам тардиди мухлисонро, ки мегӯянд, оё интихоби Налич ба ин сабқат дуруст буд, коҳиш надод.



Билан ба пирӯзӣ боварӣ дорад

Ситораи попи Русия Дима Билан, ки соли 2008 дар ҳамкорӣ бо раққоси рӯи ях Евгений Плюшенко аз Русия дар Евровидение пирӯз шуд, шакку шубҳаро дар мавриди заиф будани таронаи Налич рад кард.

Худи Налич мутмаин аст, ки ҷоизаи аввали Евровидениеро бо худ ба Русия мебарад.

Пирӯзӣ дар ин сабқат барои аксар кишварҳои Шӯравӣ мояи ифтихор аст. Сабқат, ки аз соли 1956 оғоз гирифтааст, ба як шоуи сертамошобини ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва ҳамасола онро беш аз 10 миллон нафар тамошо мекунанд. Ба гурӯҳҳое, ки ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтаанд, кишвари Белорус бо таронаи "Butterflies", Руминия бо таронаи " Run Away" ва Cербия бо як таронаи дурахшон шомил шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG