Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамдардии Обама ба модари Сергей Магнитский


Михаел Мак Фаул-мушовири аршади Барак Обама дар умури Русия бо Наталия Магнитская-модари марҳум Сергей Магнитский мулоқот кард. Мак Фаул гуфт, даргузашти Магнитский, ки тақрибан як сол дар давраи иқоматаш дар боздоштгоҳи муқаддамотӣ кӯмаки тиббӣ дарёфт накард ва моҳи ноябр аз беморӣ ҷон дод, яке аз ҳодисаҳои фоҷеаомез аст. Мак Фаул ҳамдардии шахсии Обамаро ба модари Магнитский расонд. Магнитский вакили мудофеи зиддиришвахорӣ буд.
XS
SM
MD
LG