Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Янгиюли вилояти Тошканд, рӯзи 27 май муҳокимаи парвандаи 19 нафар муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи ғайриқонунии мазҳабиро ба поён оварда, 4 тани онҳо, аз ҷумла хабарнигори маъруфи узбак Хайруллоҳ Ҳамидовро ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Бо айни иттиҳом, яъне ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ғайриқонунии исломӣ, маҳкум ба зиндон шудани афрод дар Узбакистон ҳодисае оддӣ шудааст. Аммо оё дар воқеъ дар Узбакистон таҳдиди тундгароии исломӣ чунин доғ аст ваё ин боз ҳам баҳонаи дигаре дар дасти мақомоти Тошканд ба манзури саркӯб кардани мухолифин шудааст?

МОШИНҲОРО БИДУНИ ИСТ БИРОНЕД!


Мурофиаи парвандаи Хайруллоҳ Ҳамидов ва 18 ҳамроҳаш дар додгоҳи ноҳияи Янгиюл дар шаҳри Навбаҳор, тақрибан 30-километрии пойтахти Узбакистон пушти дарҳои баста гузашт. Ба толори мурофиа нафақат ҳомиёни ҳуқуқи башар ва намояндагони сафоратҳои хориҷиву созмонҳои байналмилалӣ, балки ҳатто пайвандони муттаҳаминро роҳ надоданд.

Бино ба гузоришҳо, маъмурони милиса ва хадамоти амнияти миллии Узбакистон кӯчаҳои атрофро печонида, ҳамаи роҳҳо ба сӯи бинои додгоҳро баста будаанд. Баъди анҷоми мурофиа ва эълони ҳукми додгоҳ низ ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯҳбати шоҳидон бо хабарнигорон ба мардуми ҷамъшуда амр додаанд, ки мошинҳои худро то Тошканд бидуни таваққуф биронанд.

АЗ 3 СОЛИ ШАРТӢ то 6 СОЛИ МАҲБАС


Хабари судури ҳукми додгоҳи Янгиюлро ба расонаҳо Сурат Икромов, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи башари Узбакистон расонд. Ӯ мегӯяд, мурофиа бо нақзи қавонин гузашт ва қозӣ далоили вакилони мудофеъро аслан нодида гирифт: “4 нафар 6-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Аз ҷумла худи Хайруллоҳ Ҳамидов. Дуи дигар ба 4 соли зиндон маҳкум шуданд. 13 нафар то 3 сол ҳукми шартӣ гирифтанд ва онҳоро аз толори мурофиа озод карданд.

Ҳеҷ кадоме аз айбдоршавандаҳо иттиҳомоти воридаро ба гардан нагирифт. Аммо додгоҳ далоили вакилони мудофеъи онҳоро напазируфт. Ҳарчанд ки барои мисол, бархеи онҳо дар рӯзҳое, ки гӯё ҷиноят кардаанд, аслан дар қаламрави Тошканд ва ҳатто дар Узбакистон набудаанд.”

АЗ ИСЛОМ ТО ФУТБОЛ


Хайруллоҳ Ҳамидови 35-сола муовини сардабири нашрияи варзишии “Чемпион” ва дар Узбакистон ҳамчун шореҳи футбол ва муҷрии собиқи як барномаи радиоӣ ва як нашрияи мазҳабӣ маъруф буд. Ӯ қаблан дар радиои “Наврӯз” муҷрии барномаи мазҳабии “Холислик сарӣ” (“Назари холис”) буд ва баъди баста шудани ин маҷаллаи пуршунавандааш нашрияи мазҳабиеро ҳам бо номи “Одамлар орасида”(“Дар миёни мардум”) таъсис дод, ки теъдоди нашраш дар як муддати кӯтоҳ ба 24 000 адад расид, вале дар моҳи июли соли 2007 низ баста шуд.

Расонаҳо мегӯянд, ки мақомоти Узбакистон Хайруллоҳ Ҳамидовро чандин дафъа ба ҳузур хоста, ҳушдор дода буданд, ки аз доман задани масоили мазҳабӣ худдорӣ кунад. Ӯ ҳамчунин шеърҳое эътирозӣ ва олуда ба дардҳои ҷомиа ҳам мегуфт.

Хайруллоҳ Ҳамидов, ба ҳисоби созмонҳои журналистӣ, 15-умин хабарнигори узбак аст, ки маҳкум ба зиндон шуд.

НАХУСТИН ЭЪТИРОЗҲО БА ҲУКМИ ДОДГОҲ

Ҳукми хабарнигори узбак мавҷи эътирозҳои билофосила ва шадидро дар хориҷ ба бор овард.Олег Панфилов, мудири маркази журналистикаи изтирорӣ: “Ин қазия ҳам шабеҳи қазияҳои дигари солҳои истиқлолияти Узбакистон аст, ки журналистонро бо парвандаҳои ҷиноӣ ва мурофиаҳои додгоҳӣ тарс медиҳанд. Ҳадаф афроди дигар ва тарсонидани ҷомиа, хабарнигорон ва ҳам тарсонидани онҳоест, ки назари дигар доранд, на ончӣ ки пропагандаи расонаҳои расмии Узбакистон ба онҳо талқин мекунанд.”

Ҷиллис Лордет аз созмони Хабарнигорони бидуни марз, мақараш дар Порис низ гуфт, ки ҳукми, ба бовари ӯ, ноодилонаи додгоҳ ин созмонро сахт маъюс кардааст: “Ба назари мо, судури чунин ҳукм аз рӯи адолат нест. Ҳамидов танҳо вазифаи хабарнигориашро иҷро мекард. Мақомоти Узбакистонанд, ки ба мавзӯъҳои иҷтимоиву ахлоқӣ даст задани хабарнигоронро хуш надоранд. Мо ин ҳукми додгоҳро маҳкум мекунем.”

БОЗДОШТ БАРОИ ШИРКАТ ДАР АҚИҚА

Хайруллоҳ Ҳамидов моҳи январи соли ҷорӣ ҳамроҳ бо тақрибан 60 тани дигар ба дунболи ширкат дар ду маросими “ақиқа”, ки дар вилояти Тошканд ба хотири ба дунё омадани фарзанди нав баргузор мекунанд, боздошт шуд. Мақомот ҷараёни ҳарду маросимро ба сурати хуфия сабт карда, Ҳамидов ва боқии ширкаткунандагонро ба доман задани мавзӯъи салафия дар ин ҳамоиш айбдор карданд. Муфтии собиқи Осиёи Миёна Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуф гуфтааст, ки Ҳамидов дар ин нишаст бо дархости ӯ ин мавзӯъро бардоштааст, то мардуми ба ин равия гароидаро аз роҳи, ба бовари ӯ, иштибоҳӣ баргардонад.

Вале баъдан ба гардани 39 нафар аз ин боздоштшудагон, ки корашон то ба додгоҳ кашид, иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ғайриқонунии мазҳабиро зада, 11 нафари аввал аз ин гурӯҳро ҳанӯз дар моҳи апрел маҳкум зиндон карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ин афрод дар марҳалаи тафтишот таҳти шиканҷа ва фишор маҷбур ба эътирофи гуноҳ шуда, аммо дар ҷараёни мурофиа иттиҳомоти эълоншударо радд кардаанд. Истифода аз шиканҷаву латукӯб дар қиболи афроди муттаҳам ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ дар Узбакистон таҷрубаи маъмулист, ки тақрибан дар ҳама гузоришҳои байналмилалии марбути вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар таъкид мешавад.

АФВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БОВАР НАДОРАД

Мейзӣ Вайшадинг, намояндаи созмони “Афви байналмилалӣ” ба ин далел, то куҷо одилона будани ҳукми додгоҳи Янгиюл дар қиболи Хайруллоҳ Ҳамидов ва шарикони ӯро зери шубҳа мегузорад: “Ин қазия мояи нигарониҳои ҷиддист. Бавижа бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта ки ӯ кулли иттиҳомотро радд кардааст. Ҳукм як ҳукми хеле сангин буд, ки аслан мақомоти Узбакистон барои муҷозоти хабарнигор барои истифода аз ҳаққи озодии баён ва озодии мазҳаб ба кор бурданд. Ва ин хеле ташвишовар аст.”

“САРИ КАЛОБА”-И “ҶИҲОДЧИЛАР” КУҶОСТ?


Афроди маҳкумшуда дар Янгиюл ба узвият дар гурӯҳи то ҳол ноошное бо исми “Ҷиҳодчилар” муттаҳам мешаванд. Мақомоти Тошканд зимнан масъулияти сӯъиқасд алайҳи сархатиби Тошканд ва имоми масҷиди Кӯкча Анвар-қорӣ Турсунов, мулаққаб ба “Имоми сурх”, ва афсари аршади вазорати умури дохила Ҳасан Асадов дар тобистони гузаштаро низ бар дӯши “Ҷиҳодчилар” бор кардаанд.

Ҳамзамон бо судури ҳукми Хайруллоҳ Ҳамидов ва ҳамроҳонаш телевизиони давлатии Узбакистон ба пахши силсилафилмҳои мустанаде дар бораи “Ҷиҳодчилар” шурӯъ кард. Бахши аввали филм “Хунрезиҳо” ном дошт, ки махсуси ҷузъиёти қатли “Имоми сурх” дар таърихи 31 июл ва задухӯрди рӯзи 9 август дар Тошканд буд, ки дастикам 2 кушта ва се афсари дигари милисаро захмӣ ба ҷо гузошт. Бахши дуввуми филм бо номи “Сари калоба” ангушти иттиҳом ба сӯи Обидхон-қорӣ Назарови Намангонӣ мекунад, ки ба гуфтаи мақомот, ин ҳама ҳамлаҳоро аз хориҷ раҳнамоӣ мекунад.

“ҲАДАФИ ИНҲО ҲИФЗИ ТАХТУ МАНСАБ АСТ”

Обидхон Назаров, ки феълан дар Шветсия паноҳ мебарад, дар як тамоси телефонӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Хайруллоҳ Ҳамидовро шахсан намешинохт, вале мӯътақид аст, ки ҳадафи мақомоти Узбакистон аз эҷоди чунин фазои тарсу ваҳм пиромуни Ислом ҳифзи қудрат аст: “Ин ҳарфҳо ҳама бӯҳтонанд. Онҳо ба хотири дароз кардани умри режиме, ки дар хуни мардумаш оғӯшта шудааст, барои ҳифзи ҷон ва тахту мансаби худ сарусадо мекунанд, ки гӯё дар Узбакистон чунин гурӯҳҳо вуҷуд доранд. Дар Узбакистон ҳаркӣ мухолифи хатти машши ҳукумат садо баланд кунад, чӣ исломӣ, чӣ демократ, чӣ хабарнигор, хеле зуд ба гарданаш тавқи душманӣ мезананд. Онҳо фақат ба хотири ҳифзи тахту мансаб афсонаи гурӯҳҳои исломиро бофта баровардаанд.”

ИСЛОМИ МАҲБУС ВА ЗАВЛОНА ДАР ПОВУ ДАСТ

“Мемориал”, як гурӯҳи маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар, мақараш дар Маскав, ҷамъи маҳбусонеро, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъи исломӣ дар Узбакистон маҳкум шудаанд, дар ҳудуди 5000 нафар рақам мезанад. Ҳюман Райтс Вотч теъдоди чунин зиндониёнро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ тақрибан 7 000 нафар баршумурдааст.

Аммо ба назари таҳлилгарон, дар бештари ҳолот афрод бидуни кадом далоили шайъӣ ва баъзан бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳое маҳкум мешаванд, ки дар асл бофтаи худи мақомоти амниятии Тошканданд, ки мехоҳанд бо ин шева муборизаи худ бо тундгароии исломиро муассир ва муҳим ҷилва диҳанд.

Коршиносони умур мӯътақиданд, ки чунин сурати ҳол ба сӯди давлати Ислом Каримов ҳам ҳаст, ки метавонад дар зери ҷомаи мубориза бо терроризм ва тундгароӣ, бахусус дар пасманзари маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон, ҳисобашро бо мухолифин ба осонӣ ва бидуни кадом бим аз интиқодоти Ғарб баробар кунад.

БӮЕ АЗ МУБОРИЗА ИНҶО НЕСТ

Таҳлилгари тоҷик Абдуғаффори Камол мегӯяд, хабарҳое ки аз Узбакистон дар ин замина мерасанд, ба хабари муқобила бо бунёдгароӣ ё ифротгароии исломӣ зиёд монанд нест: “Бале, то чанд соли пеш метавонистем бигӯем, ки хатари билқувва вуҷуд дорад. Ин то замоне буд, ки Ҳаракати исломии Узбакистон вуҷуд дошт ва таҳти фармондеҳии Ҷумъабойи Намангонӣ онҳо худро гоҳ-гоҳе дар Осиёи Марказӣ нишон медоданд. Вале баъд аз ин ки онҳо, метавон гуфт, ба бахти Ислом Каримов, тавассути Амрико дар Афғонистон торумор шуданд, дигар ба он сурат хатаре, ки ҳукумати Узбакистонро дар ҳоли ҳозир таҳдид кунад, фикр намекунам, ки вуҷуд дошта бошад. Ин ҳамон сиёсати ҳамешагист, ки бо бузургнамоии ин хабар аз ин ду намуд истифода мешавад: Яке инки ҳаргуна мухолифатро метавон бо ин баҳона саркӯб кард, ва дуввуман ин қадар таваҷҷӯҳи мардум ва расонаҳоро ба ин мавзӯъ ҷалб кард, ки мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар дар чашми нозирони хориҷӣ нанамояд, чунки онҳо низ аз бунёдгароии исломӣ метарсанд. Ва аз тарафи дигар ин ҳама мушкилоте ки мардум дар заминаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дорад, камранг шавад ва таваҷҷӯҳи мардум ба ин масъалаи хатари исломиҳо ҷалб шавад.”

ИСЛОМ БАҲОНАИ ХУБ АСТ

Тундгароии исломие, ки ба бовари таҳлилгарон, аз фақру бекорӣ, беҳуқуқӣ ва ҳам аз бедодгарии низомҳои ҳоким дар минтақа об мехӯрад, тақрибан барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ як чолиш боқӣ мемонад, вале он шеваи саркӯбгаронае, ки Тошканд дар қиболи ин масъала интихоб кардааст, ба сари худ назир надорад ва як намунаи барҷастааш дар хоку хун нишондани эътирозҳои 5 соли пеши мардум дар Андиҷон буд, ки масъулияташро ба гардани гурӯҳи низ мазҳабии Акрамия заданд.

Феҳрасти гурӯҳҳои исломии мамнӯъ ва саркӯбшуда дар Узбакистон тӯлонист, вале дар он дар баробари гурӯҳҳои номбаровардае, чун Ҳаракати исломӣ ё Ҳизби Таҳрир метавон бо созмонҳое, чун “Нурчилар” ё “Ҷиҳодчилар” низ вохӯрд.

Аммо бархе умуман ба вуҷуд доштани гурӯҳҳое бо чунин ном шакк меоранд ва мегӯянд, бештари ин созмонҳо сохта ваё бофтаи худи амниятиҳои Узбакистон аст, ки ба ин васила эҳсоси исломофобия, ё худ бадбинӣ нисбат ба гурӯҳҳои исломиро дар ҷомиа доман зада, ва ҳам ба боқии ҷаҳон паём мефиристанд, ки алтернативаи ҳокимони кунунии Узбакистон фақат ва фақат ҳамин гурӯҳҳои мазҳабист. Гурӯҳҳое, ки таҳти парчами Ислом ва афкори тунди мазҳабӣ дар сар вориди майдон мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG