Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ тифли фалаҷ дар Ҳамадонӣ


Масъулини идораи тандурустии ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ҷануби Тоҷикистон, мегӯянд, бар асари бемории фалаҷ 5 тифл дар ин ноҳия солимии хешро аз даст додааст.

Ҷӯрахон Валиқулов, сардори идораи тандурустии ноҳияи Ҳамадонӣ, дар тақвияти ин хабар гуфт, даст ё пои атфол бар асари ин беморӣ маъюб шудааст, вале пизишкон бо табобати фаврӣ аз марг наҷот ёфтаанд. Ба қавли ӯ, таи як моҳи ахир 13 тифл бо далели гирифтории бемории фалаҷ дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гаштааст.

Ҷаноби Ҷурақулов мегӯяд, аниқ аст, ки онҳо гирифтори фалаҷанд, аммо кадом навъи он номаълум аст. Ӯ мегӯяд, ин навъи фалаҷ ба даст таъсир мекунад, ба пой таъсир мекунад, умуман ба аъзои ҳаракаткунанда ва ба ҳар ҷое таъсир кард, онро маъюб мекунад.

Дар ҳамин ҳол, идораи тандурустии ноҳия дар ду давраи маъракаи эмгузаронӣ беш аз 18 ҳазор тифлону наврасонро ба эмгузаронӣ фаро гирифтааст.

Вале сокинон ва коршиносон мегӯянд, маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ дар ҳама деҳоти минтақаи Кӯлоб гузаронида нашудааст. Зариф Сафаров, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, аз рӯи мушоҳидаҳои ӯ, даҳҳо деҳоте вуҷуд дорад, ки сокинонаш аз ин маърака хабар надоранд.

Феълан, барои аввалин бор аст, ки аз гирифтории бемории фалаҷ ва таъсири бади он ба атфол дар як ноҳияи вилояти Хатлон хабар дода мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар вилояти Хатлон наздики 500 нафар тифл ҳамчун гумонбар ба бемории фалаҷ дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд.
XS
SM
MD
LG