Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро натиҷаҳои бозрасӣ дар "Талко" эълон намешавад?


Сандуқи Байналмиллаии Пул аз таъхир дар интишори натиҷаҳои бозрасии молӣ дар ширкати алюмини Тоҷикистон бо номи "Талко" изҳори нигаронӣ кардааст. Натиҷаҳои ин бозрасӣ бояд моҳи декабри соли 2009 ба нашр мерасид. Тибқи тавофуқоте, ки миёни Сандуқи Байналмиллаии Пул ва Тоҷикистон ба даст омада буд, натиҷаҳои бозрасӣ бояд ба таври расмӣ эълон шавад. Люк Моерс-намояндаи Сандуқи Байналмиллаии Пул дар Тоҷикистон ба матбуот гуфт, ин муассисаи бузурги молии ҷаҳон борҳо ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷеа кардааст, вале то ҳол ба он посух нагирифтааст. Сандуқи Байналмиллаии Пул аз набуди тафтиши молӣ дар ширкати "Барқи Тоҷик" низ изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG