Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони Узбакистон рӯҳониро муттаҳам кард


Телевизиони Узбакистон як рӯҳонии муқими Шветсияро бо номи Обидхон Назаров муттаҳам кард ва гуфт, вай дар ҳамлаҳое даст доштааст, ки дар онҳо мақомоти баландпояи зидди террор дар моҳи июни соли 2009 кушта шуда буданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин рӯҳонӣ ҳамчунин дар ҳамлаи соли 2004 ба сафоратхонаи Амрико дар Тошканд даст доштааст. Шоми панҷшанбе ин телевизион филми мустанадеро пахш кардааст ва гуфтааст, Обидхон Назаров, ки замоне рӯҳонии машҳур дар Узбакистон дониста мешуд, дар охири солҳои 1990-ӯм бо кӯмаки "хадамоти махфии хориҷӣ" ба Қазоқистон фирор кардааст ва аз он ҷо дар соли 2005 ба Шветсия рафтааст. Вай иртибот бо тундравҳоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG