Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳонаи чоҳи нафти Мексика баста шуд, вале то кай?


Нируҳои соҳилии Амрико мегӯянд, хуруҷи нафту газ аз чоҳи харобшудаи Халиҷи Мексика баъд аз рехтани гил ба чоҳ боздошта шудааст. Вале то ҳол маълум нест, ки оё он ба фишор метавонад тобовар бошад ё хайр. Дарёсолор Тад Аллен-фармондеҳи нируҳои соҳилӣ ба телевизиони Эй Би Си гуфтааст, 12 то 18 соати оянда "хеле муҳим" хоҳад буд, то талошҳо барои бастани даҳонаи чоҳ, ки аз он садҳо ҳазор бушка нафт ба баҳр рехтааст, натиҷа диҳад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар поёни имрӯз бори дигар ба даҳонаи ин чоҳ гил резанд. Бритиш Петролиюм-ширкати энержии Британия мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи нафт дар халиҷи Мексика то ҳол 930 миллион доллар сарф кардааст. Донишмандон таъйид кардаанд, ки дар таърихи Амрико ин бузургтарин пешомади хуруҷи нафт будааст.
XS
SM
MD
LG