Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти боздошти террорситҳо дар Лоҳур идома дорад


Пулиси Покистон мегӯяд, мардони мусаллаҳ дар ҷараёни ҳамлае ба ду масҷиди ақалиятҳои исломӣ дар шаҳри Лоҳури ин кишвар 20 нафарро куштаанд. Афроди мусаллаҳ ба ду масҷиди ақалияти Аҳмадӣ дар ду қисмати мухталифи шаҳр ҳамла бурдаанд ва бино ба гузоришҳо, ба дохили ин ду массҷид бами дастӣ партоб кардаанд. Пулис мегӯяд, нируҳо яке аз ин масҷидҳоро ба тасарруфи худ дароварданд, зеро тундравҳо барои гаравгонгирӣ то он дам дар дохили масҷид қарор доштаанд. Тариқ Солим-корманди пулиси Панҷоб ба радиои Озодӣ гуфт:

"Амалиёт идома дорад. Ҳамаи нируҳои мо ҳозиранд ва мо саъй мекунем ҳамаи захмиҳоро берун кашем ва террористҳоро дар дохили масҷид дастгир кунем. Ба ин тартиб як террорист дар Модел Тавн кушта, як нафар захмӣ ва як нафари дигар боздошт шуд".
Ақалияти Аҳмадӣ дар қарни 19 ташкил шудааст ва ҳоло дар саросари ҷаҳон тақрибан 4 миллион пайрав дорад. Дар гузаштаҳо низ гурӯҳҳои тундрави суннӣ ба ақалияти аҳмадиҳо ҳамла бурдаанд ва гуфтаанд, аҳмадиҳо мусулмон нестанд.
XS
SM
MD
LG