Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил Шарифов: «Мехоҳем мизбони сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC шавем»


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» бо меҳмони барнома Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, дар бораи натоиҷи бозиҳои қаҳрамони Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар сӯҳбат мекунем.

Конфедеросиюни футболи Осиё аз чаҳор дастаи ширкаткунандаи бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC даъват намуд, ки дархости худро дар бораи мизбонии сабқати ниҳоӣ то 11-уми июн пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, ба даври ниманиҳоӣ ғолибони ҳарсе гурӯҳ - «Дордой-Бишкек»-и Қирғизистон («А»), «Вахш»-и Тоҷикистон («В») ва «Яданарбон»-и Мянмар («С»), ҳамчунин, беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум – МТТУ – Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия роҳхат гирифтаанд.

Вале дастаи «Вахш» дар ҳамин ҳол бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ шудааст. Мо тасмим гирифтем дар ҳамин мавзӯъ бо меҳмони барномаамон Исроил Шарипов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, сӯҳбат кунем. Оқои Шарифов, аз ҷумла, ба радиои Озодӣ гуфт: «Мо бисёр мехостем, ки сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC дар Тоҷикистон баргузор шавад. Зеро барои доир кардани ин бозиҳо дар мо шароити зарурӣ фароҳам аст. Порсол сабқати ниҳоӣ дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир шуда буд. Агар Конфедеросиюни футболи Осиё ин хоҳиши моро ба назар мегирифт, ин тӯҳфаи хубе мешуд ба мухлисони даста дар соли ҷашни 50-солагии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа».

Бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 24-уми сентябр ва бозии ниҳоӣ 26-уми сентябр баргузор хоҳанд шуд.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG