Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо ҳазор доллар барои фурушандагони Боқиевҳо


Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, амри таслими ҳаққи подош барои афродеро имзо кард, ки маҳалли зисти наздикон ва ҳаммаслакони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиевро ба мақомоти интизомии кишвараш хабар медиҳанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати муваққат, Роза Отунбоева Вазорати молияро муваззаф намудааст, ки маблағи заруриро ба Вазорати дохила интиқол диҳад. Гуфта мешавад, ходимони Вазорати дохила низ метавонанд дар сурати аниқ кардани ҷои будубоши наздикон ва атрофиёни Боқиев аз 20 то 100 ҳазор доллари амрикоӣ подош ба даст биёранд.

Wanted

Дар феҳристи афроде, ки мавриди ҷустуҷӯи хадамоти интизомии Қирғизистон қарор доранд, 12 нафар сабти ном шудаанд. Дар миёни онҳо дар радифи бародарони президенти собиқ - Ҷонибек, Аҳмадбек, Қонибек ва писари ӯ Максим Боқиев, ҳамчунин, нахуствазирони собиқ Дониёр Усенов ва Игор Чудинов, мудири умумии пойгоҳҳои нерӯи барқ Сафарбек Балқибеков, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Нурлан Темирбоев ва дигарон шомиланд.

Гуфта мешавад, ҳар кас, ки ҷои зист ё маҳалли паноҳбурдаи ин афродро хабар диҳад, аз подоши ҳукумати муваққатӣ бархурдор хоҳад шуд.

Дар ҳимояи «охирин диктатори Аврупо»

Дар ҳоле ки ҳукумати муваққатӣ аз Интерпол дархост кардааст, ки Қурмонбек Боқиев, президенти барканоршударо, пайдо ва ба Қирғизистон истирдод кунад, хабаргузориҳо майли ба Бишкек бозгаштани президенти барканоршударо баррасӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, Александр Лукашенко, президенти Белорус, ин матлабро таъкид кардааст, ки Қурмонбек Боқиев омодааст ба Қирғизистон баргардад. Ба гуфтаи Лукашенко, аммо баъди референдуме, ки Боқиев роҳандозӣ хоҳад кард, вай аз саҳнаи сиёсӣ батамом хориҷ мешавад.

Александр Лукашенко дар пай тазаккур додааст, ки Қурмонбек Боқиев мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва маҷбур шуд, ки кишварашро тарк кунад. Ба ақидаи раҳбари Белорус, референдуми ҳукумати муваққатиро, ки ғайриқонунӣ эълон шудааст, набояд ҷомеаи байналмилалӣ эътироф кунад.

Тибқи хабарҳои расида, рӯзи 28-уми май дар Ҷалолобод боз як захмии ҳаводиси 19-уми май дар бемористон ҷони худро аз даст дод ва шумораи умумии қурбониёнро ба 96 нафар расонд.
XS
SM
MD
LG