Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 кушта дар 2 масҷиди ақалиятҳои аҳмадӣ дар Лоҳур


Пулиси Покистон мегӯяд, мардони мусаллаҳ дар ҷараёни ҳамлае ба ду масҷиди ақалиятҳои исломӣ дар шаҳри Лоҳури ин кишвар 16 нафарро куштаанд. Афроди мусаллаҳ ба ду масҷиди ақалияти Аҳмадӣ дар ду қисмати мухталифи шаҳр ҳамла бурдаанд ва бино ба гузоришҳо, ба дохили ин ду массҷид бами дастӣ партоб кардаанд. Пулис мегӯяд, нируҳо яке аз ин масҷидҳоро муҳосира кардаанд, зеро тундравҳо барои гаравгонгирӣ то он дам дар дохили масҷид қарор доштаанд. Ақалияти Аҳмадӣ дар қарни 19 ташкил шудааст ва ҳоло дар саросари ҷаҳон тақрибан 4 миллион пайрав дорад. Дар гузаштаҳо низ гурӯҳҳои тундрави суннӣ ба ақалияти аҳмадиҳо ҳамла бурдаанд ва гуфтаанд, аҳмадиҳо мусулмон нестанд.
XS
SM
MD
LG