Пайвандҳои дастрасӣ

Офатҳои ахир ҷони одамонро рабудааст


Бино ба хабарҳои матбуоти Тоҷикистон, дар раъду барқ як сокини 43-солаи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд кушта шудааст. Дар наздикии деҳи Искодари ноҳияи Айнӣ низ ҷасади як занро аз оби рӯдхонаи Зарафшон берун кашидаанд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, дар бориши жолаи рӯзи панҷшанбе, тақрибан 80 дарсади мазореи кишоварзии ноҳияи Файзобод осеб дидааст. Мизони хисорот ҳисоб мешавад. Дар боришоти ахир ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб ва шаҳраки Роғун низ зарар дидаанд.
XS
SM
MD
LG